Устод акаи Ҷӯрабек
Назрӣ.
Дар ин шабу рӯзи
душвор бисёре аз фарзандони шоистаи миллат ин дунёро тарк карданд, ки устод Ҷӯрабек
Назрӣ яке аз онҳост. Дар бораи марҳум ва нақши ӯ дар илму фарҳанги Тоҷикистон
маълумот дар интернет зиёд ва дастрас аст, бино бар ин, ман мехостам роҷеъ ба чанд
бардошти шахсӣ дар бораи устоди шодравон сӯҳбат кунам.
Шахсияти Ҷурабек
Назрӣ бароям аз солҳои мактабхониям ошно буд, вале шиносоии наздик бо устод дар
авохири солҳои навадум сурат гирифт. Аз сарнавишт тағойи ҳамсари ман, ягона
писари устод Боқӣ Раҳимзода, домоди Ҷӯрабек Назрӣ шуданд. Аз ин сабаб дар
доираҳои хонаводагӣ, маъракаву дигар чорабиниҳо фурсати сӯҳбат кардан бисёр
фароҳам меомад, ки дар рафти онҳо бисёр хислатҳову сифатҳои одам ошкор мешавад.
Масалан, ҷуръати устоди шодравон. Дар сӯҳбатҳо роҷеъ ба баъзе масъалаҳо чунон
бо ҷуръат ҳарф мезаданд, ки баъзе аз ҳамсӯҳбатҳои ӯ безобита мешуданд. Ба ин
маъно, ки мабодо ягон кас нашунида бошад.
Ҷӯрабек Назрӣ нисбати
фарзандонаш бисёр ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир мекард. Духтаронашро бисёр дӯст
медошт ва бо онҳо хеле меҳрубон буд. Аз ҳолу ҳавои онҳо ҳамеша бохабар буд ва барои
онҳо як такягоҳи мутмаину устувор буд. Чунин меҳру муҳаббати падар нисбати
духтараш дар ҷомеаи мо бисёр ба нудрат ба назар мерасад.
Ҷӯрабек Назрӣ марди
хоксору фурӯтан буданд ва аз шахсони муттакабир хушашон намеомад. Агар ситораи
шахс ба ӯ маъқул мешуд, дар муносибат соддагиро тарҷиҳ медоданд ва бо тараф
мисли дӯсти даҳ сол мешинохтагӣ сӯҳбат мекарданд. Масалан, метавонистанд ба шумо
бачаҷон ё додарҷон гуфта, муроҷиат кунанд.
Устод Рӯдакӣ аст, устод Фирдавсӣ
аст
Марҳум Соробону – ҳамсари Боқӣ Раҳимзода, руйи мизи дар соя гузоштагиро як нигоҳ андохтанду ба тарафи дарвоза нигариста, гуфтанд:
- Ана Ҷӯрабекам омаданд, ҳардутон ҳамин сояба шинетон, ҳозир хӯроки гармам мекашанд. Ман ба тарафи дарвоза нигариста, Ҷӯрабек Назриро, ки бо чеҳраи бозу хандони ба ӯ хос вориди ҳавлӣ шуда буд, дидам.
Баъд аз салому алейк ва аҳволпурсӣ сари миз нишастем. Тибқи одат ба Ҷӯрабек Назрӣ устод гуфта, муроҷиат мекардам. Ба пиёла чой рехта, бо суханони – “устод чой гиред”, онро ба Ҷӯрабек Назрӣ дароз кардам. Вай бо лабханд ба ман нигоҳ карда гуфт:
- Гумуш кун, устод нагу. Ака бугу.
Ман хостам бигӯям, ки ин ба хотири хизматҳоятон, ҳунару донишатон устод мегӯям, вале ӯ гапи манро бурида гуфт:
- Ҳозир ҳама устод шудаст додарҷон. Барои мо устод - Рӯдакӣ, Фирдавсӣ аст. Ҳофиз аст. Кӣ аз ӯ беҳтар шеър гуфтаст? Ман киям пеши онҳода? Барои ҳамин ака гуфтан гир.
Аз ҳамон замон, ҳар вақте ва ҳар куҷое, ки устодро медидам, акаи Ҷӯрабек гуфта, муроҷиат мекардам ва дар чеҳраашон табассуми нерӯбахши вайро медидам.
Ёдатон накӯ, рӯҳатон шоду хонаи охирататон обод бошад, устод акаи Ҷӯрабек.
Комментариев нет:
Отправить комментарий