понедельник, 8 июня 2020 г.

Бо COVID-19 шӯхӣ накунед ва зомини марги дигарон нашавед


Чанд рӯз пеш аз ъиди саиди Рамазон дар саҳфаи фейсбукии COVID-19 Тоҷикистон бо нақл аз рафиқам, ки дар гурӯҳи махсуси ёрии таъҷилӣ кор мекунад, хабаре навишта будам, ки дар он сухан аз кам гаштани мавриди сироят ба COVID-19 ва кам гаштани кори ин гурӯҳи махсуси ёрии таъҷилӣ мерафт. Ин хабар аз тарафи корбарони фейсбук бо шодӣ истиқбол гашт ва аз шарҳи корбарон маълум буд, ки мардум пазмони зиндагии оддии худ гаштаанд.
Воқеан, он шабу руз ҳолатҳои нави сироят кам шуда буд ва духтурони мо як каме нафаси роҳат кашида буданд. Намедонам ба шарофати моҳи шарифи Рамазон буд ё чизи дигар, вале мардум дар кӯчаву хиёбон кам сайру гашт мекарданд ва аксарият хонанишиниро ихтиёр карда буданд. 

Табиист, ки дар чунин шароит имкони паҳншавии вирус кам мегардад ва ин дар навбати худ ба коҳиши теъдоди мубталоёни COVID-19 мерасонад. Мардум умед бастанд, ки Худо хоҳад як ҳафта ё 10 рӯз пас ин бало паси сар мегардад. Ва тавре, ки духтурон мегӯянд, агар кор ба ин шакл идома пайдо мекард(яъне агар хонанишинӣ ва чораҳои пешгирикунанда риоя мешуданд), суръати паҳншавии вирус поён афтида, баъд аз як муддате мо метавонистем боз ба ҳаёти оддӣ баргардем.


Вале дар арафаи ъиди Фитр чунин ҳолате ба вуҷуд омад, ки гуё мардуми моро иваз карда бошанд. Ҳама ба бозору мағозаҳо рехтанд ва дар бораи чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус фаромӯш карданд. Одамон на танҳо бе ниқоб-маска ба бозор баромаданд, балки фосилаи иҷтимоъиро низ риоят намекарданд. Ва ин дар ҳолест, ки аз ҳама расонаҳо пешакӣ огоҳ карда буданд, ки имсол ба хотири мубориза алайҳи паҳншавии коронавируси COVID-19 гузаронидани намози ъид ва ъидгардак ба манфиат нест ва бинобар ҳамин, ин маъракаҳо гурзаронида намешаванд. Вале барои баъзе аз қисмати ҷомеъа ин ҳама ҳарфҳо мисли ба гӯши хар азон хондан буд.

Дар яке аз фурӯшгоҳҳо чунин саҳнаеро дидам. Ҷавоне вориди фурӯшгоҳ шуда якбора байни растаҳо рафт. Муҳофизи фурӯшгоҳ ҷавонро садо карда гуфт, ки бе маска ва бе безарар гардондани даст бо маҳлули махсус вориди фурӯшгоҳ шудан мумкин нест ва аз ӯ хост, ки у баргардад. Ҷавон дар ҷавоб гуфт, ки ман коронавирус нестам чаро бояд маска бандам. Хулоса, ба ин ҷавон ҳамаро хуб фаҳмонданд ва билохира ӯ маска харида ба фурӯшгоҳ даромад.

Ин мисолро ман барои нишон додани дараҷаи бепарвоӣ ва беэътиноии баъзе аз намояндагони ҷомеъаи мо овардаам. Ин ҷавони беақл фикр намекунад, ки чораҳо аз қабили пушидани ниқоб - маска, шӯстани дастҳо, риояи фосила ба хотири он аст, ки одами сиҳат гирифтори COVID-19 нашавад ва дигаронро низ мубтало накунад. Охир коронвируси номбурда сардард нест, ки зуд фаҳмем, ки мо бемор ҳастем ё не. То мо мефаҳмем, ки мубталои COVID-19 шудаем – модар, падар, зану фарзанд, хешу дӯсту бегонаро ба ин бало гирифтор мекунем ва шояд зомини марги як нафар, сағера монднани чанд кӯдак ва бева гардидани чанд зан мешавем.

Чораи муҳими дигари пешгирии COVID-19 - риояи фосилаи иҷтимоъӣ мебошад, ки мутаассифона на ҳамеша ва на дар ҳама ҷо риоя мегардад. Бояд гуфт, ки дар аксари фурӯшгоҳҳо чораҳои пешгирии паҳншавии коронавируси COVID-19 хуб ба роҳ монда шудаанд. Шустани даст бо маҳлули махсус, сандҷидани ҳарорати бадан, бо шиша ҷудо кардани харидор аз фурӯшанда, кашидани хатҳои махсус барои риояи фосила аз қабили ин чораҳо ҳаст. Вале баъзан аз бемаърифатии мо ин ҳама харҷу заҳмат ба ҳадар меравад.

Тавре, ки гуфтам дар назди касса барои нигоҳ доштани фосила байни одамон хат кашидаанд, ки мақсад аз ин иқдом пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 мебошад. Харидорон ҳангоми ба назди касса омадан аз ҳамдигар дар фосилаи 1,5 - 2 метр қарор мегиранд. Вале мардуми мо вақте ин саҳнаро мебинад, намедонам чӣ хаёл мекунад, ки дар байн даромада фосиларо вайрон мекунад. Ва вақте, ки ба чунин ашхос ишора мекунӣ, ки инҷо бояд фосила риоят шавад, дар ҷавоб мегуяд, ки “ман мошинум дистансия саблюдат кунум”. Агар шароит чунин фоҷеаовар намебуд сари ин “шӯхӣ” хандидан мумкин буд, вале кор хеле ҷиддӣ аст.

Тибқи омори расмӣ то 7 июни 2020 дар Тоҷикистон 4529 ҳолати сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод рӯзи 6 июл 4453 ҳолатро ташкил медод. 4529 – 4453= 76. Яъне дар як шабонарӯз 76 ҳолати нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Одамоне, ки мегуянд, ман коронавирус нестам маска намепушам, ё онҳое, ки мегуяд, ки “ман мошинум дистансия саблюдат кунум”, акнун мефаҳмед, ки маҳз аз беэътиноӣ, бепарвоиву саҳлангории шумо барин одамон, мо ҳич наметавонем бар сари ин COVID-19 лаънатӣ пируз шавем ва дар натиҷа ҷигарбанду азизонамонро аз даст медиҳем. Фаҳмида гиред, ки дар байни мубталоёни навбатии COVID-19 шумо ё наздикони шумо буда метавонанд.

Дар охир як нуктаро таъкид карданиям, ки COVID-19 ба ин осонӣ аз сари мо даст намебардорад. Имрӯзҳо хабарҳо аз дубора сар задани ин коронавирус дар баъзе кишварҳо ба нашр мерасанд ва ин далел як бори дигар ба мо хотиррасон мекунад, ки бо ин вирус шухӣ кардан даркор нест. Ягона роҳи мубориза бо ин бало – иҷрои тавсияҳои духтурон барои пешгирӣ аз сирояти COVID-19 мебошад ва натиҷаи ин набард аз рафтори мову шумо вобастааст. Тавсияи духтуронро риоя кунед, худ ва дигаронро эҳтиёт кунед ва зомини маргу бадбахтии дигарон нашавед!

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Назарпурсӣ: 67% котибони матбуотӣ мегӯянд, ки журналистон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои умумӣ медиҳанд

  Аксар журналистоне, ки дар конфронсҳои матбуот ӣ ширкат мекунанд, ба ҷойи саволҳои умда, саволҳои умумӣ медиҳанд. Ин ақидаи 67% роҳбарони...