суббота, 30 мая 2020 г.

Дар ёди устод Ҷӯрабек Назрӣ

Устод акаи Ҷӯрабек Назрӣ.

Дар ин шабу рӯзи душвор бисёре аз фарзандони шоистаи миллат ин дунёро тарк карданд, ки устод Ҷӯрабек Назрӣ яке аз онҳост. Дар бораи марҳум ва нақши ӯ дар илму фарҳанги Тоҷикистон маълумот дар интернет зиёд ва дастрас аст, бино бар ин, ман мехостам роҷеъ ба чанд бардошти шахсӣ дар бораи устоди шодравон сӯҳбат кунам.

Шахсияти Ҷурабек Назрӣ бароям аз солҳои мактабхониям ошно буд, вале шиносоии наздик бо устод дар авохири солҳои навадум сурат гирифт. Аз сарнавишт тағойи ҳамсари ман, ягона писари устод Боқӣ Раҳимзода, домоди Ҷӯрабек Назрӣ шуданд. Аз ин сабаб дар доираҳои хонаводагӣ, маъракаву дигар чорабиниҳо фурсати сӯҳбат кардан бисёр фароҳам меомад, ки дар рафти онҳо бисёр хислатҳову сифатҳои одам ошкор мешавад. Масалан, ҷуръати устоди шодравон. Дар сӯҳбатҳо роҷеъ ба баъзе масъалаҳо чунон бо ҷуръат ҳарф мезаданд, ки баъзе аз ҳамсӯҳбатҳои ӯ безобита мешуданд. Ба ин маъно, ки мабодо ягон кас нашунида бошад.

Ҷӯрабек Назрӣ нисбати фарзандонаш бисёр ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир мекард. Духтаронашро бисёр дӯст медошт ва бо онҳо хеле меҳрубон буд. Аз ҳолу ҳавои онҳо ҳамеша бохабар буд ва барои онҳо як такягоҳи мутмаину устувор буд. Чунин меҳру муҳаббати падар нисбати духтараш дар ҷомеаи мо бисёр ба нудрат ба назар мерасад.

Ҷӯрабек Назрӣ марди хоксору фурӯтан буданд ва аз шахсони муттакабир хушашон намеомад. Агар ситораи шахс ба ӯ маъқул мешуд, дар муносибат соддагиро тарҷиҳ медоданд ва бо тараф мисли дӯсти даҳ сол мешинохтагӣ сӯҳбат мекарданд. Масалан, метавонистанд ба шумо бачаҷон ё додарҷон гуфта, муроҷиат кунанд.

Устод Рӯдакӣ аст, устод Фирдавсӣ аст
Марҳум Соробону – ҳамсари Боқӣ Раҳимзода, руйи мизи дар соя гузоштагиро як нигоҳ андохтанду ба тарафи дарвоза нигариста, гуфтанд:
-  Ана Ҷӯрабекам омаданд, ҳардутон ҳамин сояба шинетон, ҳозир хӯроки гармам мекашанд. Ман ба тарафи дарвоза нигариста, Ҷӯрабек Назриро, ки бо чеҳраи бозу хандони ба ӯ хос вориди ҳавлӣ шуда буд, дидам. 
Баъд аз салому алейк ва аҳволпурсӣ сари миз нишастем. Тибқи одат ба Ҷӯрабек Назрӣ устод гуфта, муроҷиат мекардам. Ба пиёла чой рехта, бо суханони – “устод чой гиред”, онро ба Ҷӯрабек Назрӣ дароз кардам. Вай бо лабханд ба ман нигоҳ карда гуфт:
-  Гумуш кун, устод нагу. Ака бугу. 
Ман хостам бигӯям, ки ин ба хотири хизматҳоятон, ҳунару донишатон устод мегӯям, вале ӯ гапи манро бурида гуфт:
Ҳозир ҳама устод шудаст додарҷон. Барои мо устод - Рӯдакӣ, Фирдавсӣ аст. Ҳофиз аст. Кӣ аз ӯ беҳтар шеър гуфтаст? Ман киям пеши онҳода? Барои ҳамин ака гуфтан гир.
Аз ҳамон замон, ҳар вақте ва ҳар куҷое, ки устодро медидам, акаи Ҷӯрабек гуфта, муроҷиат мекардам ва дар чеҳраашон табассуми нерӯбахши вайро медидам. 
Ёдатон накӯ, рӯҳатон шоду хонаи охирататон обод бошад, устод акаи Ҷӯрабек.

суббота, 9 мая 2020 г.

ИДИ ЗАФАР МУБОРАК !


           Омад хабар зи Маскав
           Аз фатҳи комили нав.
          Халқи далер, бишнав,
         Иди зафар муборак!

Тоҷикон мисли бақия мардуми шӯравӣ расидани ин хабарро қариб панҷ сол мунтазир буданд. Панҷ соли азобу машаққат, панҷ соли меҳнату ҷоннисорӣ, панҷ соли мардонагиву қаҳрамонӣ. Ва инак ин рӯз фаро расид. Артиши сурх, ки дар сафҳои он ҳазорон фарзандони Тоҷикистон меразмиданд, миёни аждари фашизмро шикаста, ливои зафарро дар боми лонаи ӯ зада ба тамоми ҷаҳон хабари фатҳи комил бар Олмони Ҳитлериро паҳн кард.

Дар Сталинобод ҳар ҷое, ки як баландгуи родю буд издиҳоми бузурге ҷамъ мешуд ва ба садои гӯянда бо диққат гуш медод. Гӯянда хабари фатҳи Берлин ва ғалаба бар фашизмро такрор ба такрор мехонд. Бо шунидани ин хабар одамон якдигарро ба оғуш мекашиданду хурсандӣ мекарданд. Мардум пиёдаву аспсавору харсавор ба сӯи деҳаву ноҳияҳои дурдаст мешитобиданд, то ки якум шуда пайки пирузиро бирасонанд.

Дар чунин фазои идона ду ҷавонмарди тоҷик калон – калон қадам гузошта ба куҷое мешитобиданд. Яке аз онҳо, ки баъд аз бардоштани ҷароҳат дар ҷабҳа ба зиндагии осоишта баргашта буд, дар дил як эҳсоси рашк ба онҳое, ки то Берлин расидаанду душманро дар лонааш нобуд сохтанд, дошт. Фикр мекард, ки агар захмӣ намешуд, вай низ дар ин набард иштирок мекард ва Берлинро фатҳ мекард. Ин лаҳза садои ҳамсафараш риштаи фикриҳои ӯро канд.  
-         - Акои Боқӣ моро барои чӣ даъват карда бошанд?
-        -  Имрӯз фақат барои хабарҳои хуш, Зиёдуллохон.

Ин ду ҷавон Боқӣ Раҳимзода ва Зиёдулло Шаҳидӣ буданд. Онҳоро ба Ҳукумати Тоҷикистон даъват карда буданд, вале бо чӣ мақсад, ин ду ҷавон ҳоло хабар надоштанд. Бо табъи болида ва сад фикру андеша онҳо ба бинои ҳукумати Тоҷикистон расиданд ва дохили он шуданд. Баъд аз як муддате ҳарду аз бинои ҳукумат хушҳол баромаданд. Ҳукумат ба онҳо вазифа дод, ки то фардо, яъне то субҳи 9 май бахшида ба ғалаба як шеър навишта онро ба оҳанг дароваранд.

9 май дар боғи марказии Сталинобод бахшида ба ғалаба бар фашизм як чорабинии муҳим дар нақша гирифта шуда буд ва дар он ҳатман бояд суруди зафар садо медод. Вазифае, ки дар назди Боқӣ Раҳизода ва Зиёдулло Шаҳидӣ гузошта буданд душвору иҷронашаванда буд. Чӣ тавр дар як муддати кӯтоҳ ҳам шеър нависанд, ҳам онро ба оҳанг дароранд ва ҳам нафареро пайдо кунанд, ки дар як муддати кутоҳ онро азёд кунаду хонад.

Ҳамсари марҳуми Боқӣ Раҳимзода дар ин бора  чунин нақл карда буд:

-         -  Он кас (Боқӣ Раҳимзода) бо Зиёдулло Шаҳидӣ бисёр дустони наздику самимӣ буданд. Ҳатто дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳамин супоришро гирифтанду ба хона омада аз пайи навиштани шеър шуданд. Навиштаву хат зада, боз аз сар навишта то нисфи шаб шеърашонро тамом мекунанд. Баъд ба хонаи Зиёдулло, ки ҳамсояшон буданд, бурда шеърашонро медиҳанд. Ун кас то бомдода оҳангаша менависанд. Баъд суруда Шоиста Муллоҷонова тез аз ёд карда мехонад. Ана ҳамин ҳел онҳо дар байни чанд соат шеър навиштанду оҳанг сохтанду суруда аз ёд када хонданд.





Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон, ки мо онро бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мешиносем, Тоҷикистон, ки 1,5 миллион аҳолӣ дошт 300 ҳазор фарзанди худро ба ҷабҳаҳои набард алайҳи Олмони Ҳитлерӣ равона карда, дар размҳои мухталиф зиёда аз 90 ҳазор шаҳид додааст. Ёди ҳамаи онҳо гиромиву поянда бод!



Назарпурсӣ: 67% котибони матбуотӣ мегӯянд, ки журналистон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои умумӣ медиҳанд

  Аксар журналистоне, ки дар конфронсҳои матбуот ӣ ширкат мекунанд, ба ҷойи саволҳои умда, саволҳои умумӣ медиҳанд. Ин ақидаи 67% роҳбарони...