Омад
хабар зи Маскав
Аз
фатҳи комили нав.
Халқи далер, бишнав,
Иди зафар муборак!
Тоҷикон
мисли бақия мардуми шӯравӣ расидани ин хабарро қариб панҷ сол мунтазир буданд.
Панҷ соли азобу машаққат, панҷ соли меҳнату ҷоннисорӣ, панҷ соли мардонагиву
қаҳрамонӣ. Ва инак ин рӯз фаро расид. Артиши сурх, ки дар сафҳои он ҳазорон
фарзандони Тоҷикистон меразмиданд, миёни аждари фашизмро шикаста, ливои зафарро
дар боми лонаи ӯ зада ба тамоми ҷаҳон хабари фатҳи комил бар Олмони Ҳитлериро
паҳн кард.
Дар Сталинобод ҳар
ҷое, ки як баландгуи родю буд издиҳоми бузурге ҷамъ мешуд ва ба садои гӯянда бо
диққат гуш медод. Гӯянда хабари фатҳи Берлин ва ғалаба бар фашизмро такрор ба
такрор мехонд. Бо шунидани ин хабар одамон якдигарро ба оғуш мекашиданду
хурсандӣ мекарданд. Мардум пиёдаву аспсавору харсавор ба сӯи деҳаву ноҳияҳои
дурдаст мешитобиданд, то ки якум шуда пайки пирузиро бирасонанд.
Дар чунин фазои идона
ду ҷавонмарди тоҷик калон – калон қадам гузошта ба куҷое мешитобиданд. Яке аз
онҳо, ки баъд аз бардоштани ҷароҳат дар ҷабҳа ба зиндагии осоишта баргашта буд, дар дил як эҳсоси рашк ба онҳое, ки то Берлин
расидаанду душманро дар лонааш нобуд сохтанд, дошт. Фикр мекард, ки агар захмӣ
намешуд, вай низ дар ин набард иштирок мекард ва Берлинро фатҳ мекард. Ин лаҳза
садои ҳамсафараш риштаи фикриҳои ӯро канд.
- - Акои
Боқӣ моро барои чӣ даъват карда бошанд?
- - Имрӯз
фақат барои хабарҳои хуш, Зиёдуллохон.
Ин ду ҷавон Боқӣ
Раҳимзода ва Зиёдулло Шаҳидӣ буданд. Онҳоро ба Ҳукумати Тоҷикистон даъват карда буданд, вале бо чӣ мақсад,
ин ду ҷавон ҳоло хабар надоштанд. Бо табъи болида ва сад фикру андеша онҳо ба бинои
ҳукумати Тоҷикистон расиданд ва дохили он шуданд. Баъд аз як муддате ҳарду аз
бинои ҳукумат хушҳол баромаданд. Ҳукумат ба онҳо вазифа дод, ки то фардо, яъне то
субҳи 9 май бахшида ба ғалаба як шеър навишта онро ба оҳанг дароваранд.
9 май дар боғи
марказии Сталинобод бахшида ба ғалаба бар фашизм як чорабинии муҳим дар нақша
гирифта шуда буд ва дар он ҳатман бояд суруди зафар садо медод. Вазифае, ки дар
назди Боқӣ Раҳизода ва Зиёдулло Шаҳидӣ гузошта буданд душвору иҷронашаванда
буд. Чӣ тавр дар як муддати кӯтоҳ ҳам шеър нависанд, ҳам онро ба оҳанг дароранд
ва ҳам нафареро пайдо кунанд, ки дар як муддати кутоҳ онро азёд кунаду хонад.
Ҳамсари марҳуми Боқӣ
Раҳимзода дар ин бора чунин нақл карда
буд:
- - Он
кас (Боқӣ Раҳимзода) бо Зиёдулло Шаҳидӣ бисёр дустони наздику самимӣ буданд.
Ҳатто дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳамин супоришро гирифтанду ба хона омада
аз пайи навиштани шеър шуданд. Навиштаву хат зада, боз аз сар навишта то нисфи
шаб шеърашонро тамом мекунанд. Баъд ба хонаи Зиёдулло, ки ҳамсояшон буданд,
бурда шеърашонро медиҳанд. Ун кас то бомдода оҳангаша менависанд. Баъд суруда
Шоиста Муллоҷонова тез аз ёд карда мехонад. Ана ҳамин ҳел онҳо дар байни чанд
соат шеър навиштанду оҳанг сохтанду суруда аз ёд када хонданд.
Дар солҳои ҷанги
дуюми ҷаҳон, ки мо онро бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мешиносем, Тоҷикистон, ки
1,5 миллион аҳолӣ дошт 300 ҳазор фарзанди худро ба ҷабҳаҳои набард алайҳи
Олмони Ҳитлерӣ равона карда, дар размҳои мухталиф зиёда аз 90 ҳазор шаҳид
додааст. Ёди ҳамаи онҳо гиромиву поянда бод!
Комментариев нет:
Отправить комментарий