среда, 16 сентября 2020 г.

Назарпурсӣ: 67% котибони матбуотӣ мегӯянд, ки журналистон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои умумӣ медиҳанд

 Аксар журналистоне, ки дар конфронсҳои матбуотӣ ширкат мекунанд, ба ҷойи саволҳои умда, саволҳои умумӣ медиҳанд. Ин ақидаи 67% роҳбарони хадамоти матбуоти муассисаҳои давлатӣ мебошад, ки дар пурсише, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Хома" дар семоҳаи дуюми соли 2020 гузаронида шудааст, ширкат варзиданд.

Дар маҷмӯъ, нишастҳои матбуотии 5 сохтори давлатӣ таҳлил карда шуданд: - Суди Олӣ, Кумитаи андоз, Вазорати тандурустӣ, Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ. Дар пурсиш роҳбарони 27 хадамоти матбуот ва тақрибан 90 журналист иштирок карданд.

Тавре ки натиҷаҳои коркарди маълумоти пурсиш нишон доданд, аз 101 саволе, ки дар панҷ нишасти хабарии охир дода шуд, танҳо 56 савол бевосита ба мавзӯъ рабт дошта, бақия 13 савол ба мавзӯи нишасти матбуотӣ иртибот надоштанд ва 32 саволи дигар умумӣ буданд.


Ҳамин тариқ, мо метавонем ба хулосае оем, ки танҳо 60% журналистоне, ки дар панҷ конфронси матбуотӣ ширкат варзиданд, ба онҳо бо омодагӣ омадаанд ё дар бораи фаъолияти ин ё он вазорат тасаввуроти кофӣ доштанд. 40% боқимонда ба нишасти матбуотӣ омода набуданд ва саволҳои умумӣ ва ё берун аз мавзӯи нишасти матбуотӣ доданд.

Агар ба ин масъала аз зовияи дигар нигарем, пас аз руйи фаъолнокии рӯзноманигорон ва сифати саволҳои онҳо дар нишастҳои матбуотӣ, метавон муносибати ин ё он расонаи хабариро ба чунин чорабиниҳо ва дар маҷмӯъ ба иттилоот муайян кард.

Ба касе пӯшида нест, ки дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳоест, ки кори хабарнигоронро мушкил месозад ва нишастҳои матбуотии семоҳа, ки вазорату идораҳо тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мекунанд, имконияти беназир барои гирифтани посух ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ, вақте роҳбарони ВАО рӯзноманигорони ноогоҳ аз мавзуъро ба нишасти матбуотӣ мефиристанд, чунин муносибати онҳо ба имконияти фароҳамоварда боиси тааҷуб мегардад.

Илова бар ин, пурсиш нишон дод, ки 68% журналистон дар ҳама конфронсҳои матбуотӣ, новобаста аз мавзӯъашон, иштирок мекунанд. Оё ин маънои онро дорад, ки мо ин қадар рӯзноманигорони ботаҷриба ва гуногунҷанба дорем ё ин ки баракс дар ВАО –и Тоҷикистон чунин рӯзноманигорон нестанд?

Бо эҳтимоли зиёд сабаби ба амал омадани чунин ҳолат дар он аст, ки на дар ҳама ВАО рӯзноманигороне ҳастанд, ки махсус бо масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё фарҳангӣ ва муҳоҷират сарукор доранд. Дар акси ҳол, чунин муносибати рузноманигоронро ба шароити фароҳамоварда, метавон чун муносибати ғайрикасбӣ ё хунукназарӣ нисбати рисолати рӯзноманигор арзёбӣ кард.

Пурсиш инчунин нишон дод, ки аксар журналистон ҳангоми ҷустуҷӯи маълумот на ҳамеша ба сарчашмаҳои дахлдор рӯ меоранд. 70% котибони матбуотии пурсидашуда, қайд карданд, ки на ҳама вақт саволҳои журналистон ба сохтор ё вазорате, ки онҳо кор мекунанд дахл доранд. 11% котибони матбуотӣ бар он ақидаанд,ки журналистон дар бораи ниҳоди онҳо маълумоти кофӣ надоранд ва танҳо 19% онҳо касбият ва огоҳии намояндагони ВАО-ро қайд кардаанд.



Ин арзёбиҳо аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи "Таҳкими ҳамкорӣ ва муколама байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ", бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад.

вторник, 15 сентября 2020 г.

Опрос: 67% пресс-секретарей считают, что журналисты на пресс-конференциях задают общие вопросы

 

Большинство журналистов, принимающих участие в ежеквартальных пресс-конференциях, задают общие вопросы, а не, по существу. Так считают 67% процентов руководителей пресс-служб государственных учреждений, принявших участие в опросе, проведенном ОО «Хома» во втором квартале 2020 года.

В общей сложности, были проанализированы пресс-конференции 5 ведомств: - Верховный Суд, Налоговый Комитет, Минздрав, Служба связи, Генеральная прокуратура. В опросе приняли участие руководители 27 пресс-служб и около 90 журналистов.

Как показали результаты обработки данных опроса, из более ста вопросов, заданных на последних пяти пресс-конференциях, только 56 касались непосредственно темы. 13 вопросов не относились к теме пресс-конференции и еще 32 вопроса являлись общими.


Таким образом, можно прийти к выводу, что только 60% журналистов, присутствующих на пяти пресс-конференциях, пришли на них подготовленными или имели представление о деятельности того или иного государственного ведомства. Остальные 40% не были к ним готовы и задавали общие или не касающиеся темы пресс-конференции вопросы. Если посмотреть на эту проблему с другой стороны, то по активности журналистов и качестве вопросов, которые они задают на пресс-конференциях, можно определить отношение того или иного СМИ к подобным мероприятиям и вообще к информации. Не секрет, что ситуация с доступом к информации в Таджикистане далека от идеальной, и квартальные пресс-конференции, проводимые министерствами и ведомствами по Указу Президента РТ, являются уникальной возможностью получить ответы на интересующие СМИ вопросы.  Поэтому, когда СМИ отправляют на пресс-конференцию не компетентных журналистов, такое их отношение к предоставленной возможности, вызывает удивление.

Кроме того, опрос показал, что 68% журналистов посещают все пресс-конференции независимо от их темы. Это говорит о том, что у нас так много опытных и разнопрофильных журналистов или о том, что СМИ Таджикистана не имеют таких журналистов? Скорее всего это связанно с тем, что не все СМИ имеют в своём расположении журналистов, занимающихся конкретно политическими, экономическими, социальными вопросами, или проблемами культуры и миграции. В противном случае, это можно расценить как непрофессионализм или халатное отношение к миссии журналиста.

Опрос также показал, что очень много журналистов при поиске информации обращаются не к тем источникам. 70% опрошенных пресс-секретарей отметили, что не всегда вопросы, задаваемые им журналистами, относятся ведомству, в котором они

работают. 11% считают, что журналисты не имеют достаточной информации об их ведомстве и только 19% пресс-секретарей отметили профессионализм и осведомленность представителей СМИ.

Данные оценки проводит ОО "Хома" в рамках поддерживаемого ЕС проекта "Расширение сотрудничества и диалога между гражданским обществом и государственными органами в области прав человека и основных свобод".

Назарпурсӣ: 67% котибони матбуотӣ мегӯянд, ки журналистон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои умумӣ медиҳанд

  Аксар журналистоне, ки дар конфронсҳои матбуот ӣ ширкат мекунанд, ба ҷойи саволҳои умда, саволҳои умумӣ медиҳанд. Ин ақидаи 67% роҳбарони...