вторник, 21 апреля 2020 г.

АТС: Ҳуқуқи муҳоҷиронро муваққатан бо ҳуқуқи шаҳрвандони Русия баробар кунед


Тибқи хабарҳои расонаҳои русӣ, Агентии ташаббусҳои стратегӣ (АТС) ба нахуствазири Федератсия Русия Михаил Мишустин рӯйхати пешниҳодҳо оид ба танзими бозори меҳнат ва шуғлро дар робита бо паҳншавии коронавируси COVID-19 ирсол намудааст. Яке аз пешниҳодҳо - муваққатан баробар кардани ҳуқуқи муҳоҷирон бо ҳуққи шаҳрвандони Русия мебошад. Гуфта мешавад, ки дар сурати қабул гаштани ин пешниҳод, муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар, метавонанд мисли шаҳрвардони Русия аз имтиёзҳо барои бекорон истифода кунанд.

Дар номаи ба нахуствазири Русия ирсолшуда, АТС Португалияро мисол меорад. Ин кишвар алакй бо ин роҳ рафта, дар замони мубориза бо коронавирус ва оқибатҳои иқтисодии он, ҳуқуқи иҷтимоии 580 ҳазор муҳоҷирро ба ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандони худаш баробар кардааст. Клаудия Велезо, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Португалия, дар охири моҳи март гуфт, ҳамаи хориҷиёне, ки аллакай дархости иқомати Португалияро кардаанд, метавонанд бо шаҳрвандони ин кишвар баробар кумаки иҷтимоӣ гиранд.

Вай дар як мусоҳиба бо агентии Reuters иброз дошта, ки ҳар касе аллакай дархости иқомат дар Португалияро кардааст, метавонад ҳаддиақал то 1 июл кӯмаки иҷтимоиро баробари шаҳрвандони ин кишвар дарёфт кунад.

Яъне AТС дар робита бо паҳншавии коронавирус ба ҳукумати Русия пешниҳод мекунад, ки дар муддати расонидани кӯмак ба кормандони ташкилоту корхонаҳо, муҳоҷиронро низ бо шаҳрвандони Федератсияи Русия дар гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ (ва як қатор имтиёзоту пардохтҳои дигар) ва чораҳо оид ба дастгирии шуғл баробар кунанд. Дар мактуб, ки нусхаи он ба РБК ирсол гардидааст, категорияҳои мушаххаси муҳоҷирон нишон дода нашудааст.

Албатта дар сурати қабул шудани ин пешниҳод вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо дар Русия беҳтар мешуд ва ин ҳолат ба сатҳи зиндагии хонаводаи онҳо дар Тоҷикистон таъсири мусбӣ мерасонд, вале дар шароити феълӣ қабул шудани ин пешниҳод аз ҷониби ҳукумати Русия бисёр баъид ба назар мерасад.

Дар ҳоли ҳозир ягона чизе, ки вазъи муҳоҷирони меҳнатиро каме беҳтар мекунад, ин аз ҷониби президенти Федератсияи Русия имзо шудани фармон дар бораи озод кардани муҳочирони меҳнатӣ аз пардохти пули патент мебошад. Дар асоси ин фармон, ки 18 апрел ба имзо расида, замони на танҳо эътибори патент, балки будубош, сабти ном, корти муҳоҷират ва дигар санадҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ аз 15 март то 15 июн тамдид карда шуд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Назарпурсӣ: 67% котибони матбуотӣ мегӯянд, ки журналистон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои умумӣ медиҳанд

  Аксар журналистоне, ки дар конфронсҳои матбуот ӣ ширкат мекунанд, ба ҷойи саволҳои умда, саволҳои умумӣ медиҳанд. Ин ақидаи 67% роҳбарони...