четверг, 16 апреля 2020 г.

Ду гурда дорам - якеро ба ҷиянам эҳдо мекунам ба ҳардуямон кифоят мекунад.

Ронандаи таксӣ омода аст як гурдаашро барои ҷиянаш аз Душанбе эҳдо кунад. Матлаби сомонаи "Новая Сибирь" ки барои тоҷикбачаи бемор кӯмак мехоҳад.
 Пандемияи COVID-19 қисми зиёди ҳамватанони моро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон думболи ризқу рузии худ ва хонаводаашон мегарданд, бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ кардааст. Аксари онҳо ба хотири ворид намудани чораҳои маҳдудкунанда ва карантин дар кишвари Руссия, аз кору даромад мондаанд. Дар ин байн даҳҳо ҳамватанони мо, ки барои табобати бемориҳои вазнин ба ин кишвар сафар кардаанд, ҳамчунин бо мушкилот мувоҷеҳ шудаанд. Онҳо на ба ватан баргашта метавонанд ва на тавоноии пардохти пули идомаи табобатро доранд.
Дар якае аз сомонаҳои русӣ “Новая Сибирь” матлаберо хондам, ки муаллифи он бо хитоб ба хонандагонаш дархости кӯмак ба як муҳоҷири тоҷикро кардааст. Дар матлаби нашршуда омадааст, ки як ҳамватани 43 солаи мо Ҳасан Охназаров, ки 20 сол қабл ба Новосибирск кӯчида, шаҳрвандии Руссияро гирифтааст, мехоҳад як гурдаи худро ба Фирӯз ном ҷиянаш диҳад. Фируз гирифтори бемории уретерогидронефрози дутарафаи дараҷаи 4 аст. Ин пасарро волидайн ба хотири анҷом додани ҷарроҳии душвор ба Новосибирск ба назди Ҳасан Охназаров фиристодаанд.
Ҳасан ронандаи таксӣ шуда кор мекунад ва даромади зиёде надорад, ки пули ин ҷарроҳиро пардохт кунад. Дар тули ду сол писарбача дар беморхонаи маҳаллӣ табобат шуда таҳти назорати табибон қарор дорад. Чун Фирӯз шаҳрвандии русиро надорад, ҳамаи табобат пулакӣ аст ва даромади ронандаи такси танҳо барои пардохти нигоҳубини духтурон мерасад. Ҳасан Охназаров кӯшиш кард то ба ин писараки бемор шаҳрвандии русӣ гирад вале фирефтаи қаллобон гашта ҳам аз пули бо меҳнату азоб коркардааш монд ва ҳам шаҳрвандиро барои Фирӯз гирифта натавонист. Вай 700 ҳазор рубл вом (кредит) гирифт, ки ба Фирӯз кӯмак кунад, вале бо паҳн шудани каронавирус дар қаламрави Руссия, даромади Ҳасан коҳиш ёфт ва ӯ дучори мушкилӣ гардид. Гуфта мешавад, ки дармони ин беморӣ танҳо пайванди гӯрда аз эҳдокунанда (донор) мебошад. Ҳасан аз омодагии худ барои ҳадя кардани як гӯрдааш эълом кард, вале боз ҳам бо мушкилот дучор шуд.  Барои анҷом додани ин ҷарроҳи, ки дар чор давра мегузарад ҳудуди 1,5 миллион рубли русӣ зарур аст.
Тавре, ки ин сомона менависад, Ҳасан Охназаров ба президенти кишвар, бунёдҳои кӯмакрасон ва ғайра муроҷиат кардааст, вале касе ба доди ӯ нарасида. Ман медонам, ки дар қаламрави Руссия соҳибкорону ҷавонмардони шарифу боҳиммати тоҷик зиёданд, вале ин шубу руз забонам намегардад ба онҳо барои кӯмак ба ин бандагони худо муроҷиат кунам, зеро онҳо ба ҳазорон ҳамватанони бекормондаи мо доранд ёрӣ мерасонанд. Ба ин хотир ба соҳибкорони муқими Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки ба ин ҳамватанони гирифторамон каме ҳам бошад кӯмак кунанд ва соҳиби савоб шаванд. Мутмаъинам, ки худованди бузург ба онҳо бар ивази як тангаи хайр кардаашон сад танга подош хоҳад дод. Сомонаи русӣ ин рақамро барои тамос бо Ҳасан Охназаров овардааст: 8-903-999-59-07
 Барои дарёфти маълумоти муфассал бо ин линк гузаред https://newsib.net/novosti/taksist-gotov-otdat-pochku-dlya-spaseniya-plemyannika-iz-dushanbe.html?utm_source=yxnews&utm_medium=desktop&utm_referrer=https%3A%2F%2Fyandex.ru%2Fnews

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Назарпурсӣ: 67% котибони матбуотӣ мегӯянд, ки журналистон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои умумӣ медиҳанд

  Аксар журналистоне, ки дар конфронсҳои матбуот ӣ ширкат мекунанд, ба ҷойи саволҳои умда, саволҳои умумӣ медиҳанд. Ин ақидаи 67% роҳбарони...